Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-19) дар Дакка бо Муғулистону Лаос бозӣ мекунад

09.04.2019

: 968

Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол (U-19) дар мусобиқаи байналмилалии «Bangamata U-19 Women’s International Gold Cup 2019», ки аз 23 апрел то 3 майи соли равон дар пойтахти Бангладеш – Дакка баргузор мешавад, маълум шуд.

Дар асоси қуръакашии мусобиқа тими бонувони Тоҷикистон ба гурӯҳи “А” шомил гардид ва бо дастаҳои бонувони ҷавони Муғулистон (23 апрел) ва Лаос (27 апрел) вомехурад. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои Бангладеш, АМА ва Қирғизистон таркиб ёфт.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд ва муборизаро идома медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир тими мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латифов дар шаҳри Норак ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Ба ҷамъомад Қаноат Латипов 23 бозингар даъват кардааст.