Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муштзанҳои тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

09.04.2019

: 1084

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё миёни мардон ва бонувон, ки аз 17 то 27 апрел дар Бангкоки Тайланд доир мегардад, муайян шуд.

Ин бори аввал аст, ки чемпионат миёни мардону бонувон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати зерин ба Чемпионати Осиё оид ба бокс сафарбар мегарданд:

Мардҳо
48кг – Шермуҳаммад Рустамов
60кг – Сомон Ҳабибов
64кг – Баҳодур Усмонов
75кг – Мирзомуҳаммади Бахтиёр
81кг – Шаббос Негматуллоев
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Бонувон
48кг – Сумайя Қосимова
57кг – Миҷгона Самадова
60кг – Шоира Зулқайнарова
64кг – Идимоҳ Холова
69кг – Нилуфар Бобоёрова

Менеҷер – Комрон Файзов
Сармураббӣ – Парвиз Ахмедов
Мураббӣ – Амирхон Муродов
Мураббӣ – Баҳром Усмонов
Мураббӣ – Аббос Негматуллоев

Дар доираи чемпионат, 17 апрел ҷаласаи Ассамблеяи генералии Конфедератсияи бокси Осиё баргузор мешавад.
Ба иттилои мураббии бокс Мирзо Шамсиев, тибқи муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) акнун варзишгарон дар чемпионатҳои қитъавӣ ба чемпионати ҷаҳон роҳхат намегиранд, мисле ки солҳои пеш буд, вале соҳиби холҳои рейтингӣ мешаванд. Варзишгарон дар чемпионати ҷаҳон мустақим ширкат менамоянд.