Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии дуюми наврасони Тоҷикистон дар Чин

08.04.2019

: 1012

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иборат аз бозингарони то 15-сола дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар Чин низ ғалаба карданд.

Бозингарони навраси мо ин бор бар тими наврасони Мйанма бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Хусрав Тоиров (23-юм дақиқа), Меҳрубони Абдурауф (27-ум дақиқа), Муҳаммадворис Сайдалиев (53-юм дақиқа, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57-ум дақиқа) ва Муҷовид Шовайсудинов (90-ум дақиқа) заданд.
Дар бозии даври аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб зада буданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин тими мунтахаби наврасони мо охирин бозиашро 10 апрел бо тими наврасони Чин анҷом медиҳад.