Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Пирӯзии хонагии мизбонон дар даври аввал

Лигаи олӣ: Пирӯзии хонагии мизбонон дар даври аввал Лигаи олӣ: Пирӯзии хонагии мизбонон дар даври аввал

08.04.2019

: 984

Рӯзҳои истироҳатии 6-7 апрел бо баргузории бозиҳои даври якум, 28-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ гардид, ки дар ҳар чор бозӣ мизбонон ғалаба карданд.

Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар майдони худ бар дастаи КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Қаҳрамони бозӣ ҳамлавари “Куктош” Абдурасул Раҳмонов дониста шуд, ки ду гол ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари рӯзи 6 апрел “Панҷшер” дар бозии хонагиаш бар “Истаравшан” пирӯз шуд (2:1). Муаллифи голи нахустини чемпионати имсола Бахтовар Зокиров аз дастаи “Истаравшан” гардид. Ӯ дар дақиқаи 2-юми дидор ба дарвозаи “Панҷшер” гол зад. Охири нимаи аввали дидор легионери узбекистонии тими меҳмон Тулқинҷон Умаров нохоста тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Голи ҳалкунандаро “Панҷшер” дар дақиқаи 90+2 аз пеналтӣ тавассути Собирҷон Холматов зад.
Ду бозии дигари даври аввал 7-уми апрел доир гардиданд. Дар пайи “Куктош” ва “Панҷшер” дастаҳои пешсафи чемпионат – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ба муваффақияти хонагӣ даст ёфтанд.
Чемпионати амалкунандаи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб намуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расид. Дар оғози бозӣ душанбегиҳо аз пеналтӣ, ки капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев иҷро кард, ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 30-юм меҳмонон тавассути голи бо сар задаи Шерзод Муҳаммадиев ҳисобро баробар карданд, вале баъд аз 1 дақиқа Фатҳулло Фатҳуллоев дастаашро боз ба пеш баровард. Дар нимаи дуюм, дар дақиқаи 62-юм Эҳсони Панҷшанбе аз пеналтӣ голи сеюмро ба ҳадаф расонд ва голи ғолибиятро Шериддин Бобоев зад.
Бозии дигар миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо пирӯзии дастаи соҳили дарёи Сир анҷом ёфт – 1:0. Голи ягонаро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 61-ум аз пеналтӣ зад.
Бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 11, 13, 14 апрел баргузор мешаванд. 11 апрел “Истиқлол” дар Ваҳдат “Хатлон”-ро қабул мекунад, “Истаравшан” бошад, дар майдони худ бо “Хуҷанд” вомехурад. 13 апрел КМВА “Помир” барои аввалин холҳо муқобили “Панҷшер” ва 14 апрел “Регар-ТадАЗ” муқобили “Куктош” ба майдон мебароянд.