Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби бузург

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби бузург Пирӯзии наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон бо ҳисоби бузург

08.04.2019

: 1018

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иборат аз бозингарони то 15-сола мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019”-ро дар Чин бо ғалаба оғоз кард.

Дар бозии аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб заданд. Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба номашон хет-трик сабт карданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигар дастаи наврасони Чин бар Мйанма бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.
Дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин тими мунтахаби наврасони мо боз ду бозӣ анҷом медиҳанд – 8 апрел бо дастаи наврасони Мйанма, 10 апрел бо наврасони Чин.