Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Паҳлавонони тоҷик ба Фуҷайра мераванд

10.04.2019

: 1019

Апрел моҳи чемпионатҳои Осиё мебошад: Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, бокс, гуштин, вазнбардорӣ, дзюдо...

Аз ҷумла, 20-23 апрел дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонҳои тоҷик иштирок мекунанд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар чемпионати имсола 9 нафар гуштингири тоҷик барои ҷойҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард:

-60кг – Муҳаммадризо Қувватов
-66кг – Ёқубҷон Боқиев
-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73кг – Сомон Маҳмадбеков
-81кг – Акмал Муродов
-90кг – Комроншоҳ Устопириён
-100кг – Саидҷалол Саидов
+100кг – Темур Раҳимов
+100кг – Шакармамад Мирмамадов

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар Чемпионати Осиё иштироки 292 варзишгар (181 мард, 111 зан) аз 39 давлати қора дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон ва қувваозмоии даставии омехта барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Варзишгарон барои иштирок сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол менамоянд, соҳиби 350 холи олимпӣ хоҳанд шуд, барои ҷои дуюм 245, барои ҷои сеюм 175, барои ҷои панҷум 126, барои ҷои ҳафтум 61 хол пешбинӣ шудааст. Варзишгароне, ки дар даври аввал ба бохт дучор мешаванд, соҳиби 3 хол мегарданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ду чемпионати гузашта, солҳои 2017, 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба унвони чемпионӣ даст ёфт.

Барномаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо – Фуҷайра-2019

20 апрел
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг; Мардҳо: -60кг, -66кг)

21 апрел
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (Бонувон: -63кг, -70кг; Мардҳо: -73кг, -81кг)

22 апрел
Қувваозмоиҳои инфиродӣ (Бонувон: -78кг, +78кг; Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг)

23 апрел
Қувваозмоиҳои даставии омехта

Оғози қувваозмоиҳои муқаддамотӣ – соати 11:00, қувваозмоиҳои финалӣ – 17:00 бо вақти Душанбе.