Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДДБ соҳиби маҷмааи нави варзишӣ шуд

ДДБ соҳиби маҷмааи нави варзишӣ шуд ДДБ соҳиби маҷмааи нави варзишӣ шуд

23.03.2019

: 1138

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани бинои факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳ иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои нави таълимӣ муҳаёгардида шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Хабар дода шуд, ки ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳи олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро соҳиб аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 ҳазору 340 нафар тариқи буҷавӣ, 10 ҳазору 420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи Квотаи Президент таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил доранд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охири фаъолияташ бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифро омода намудааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ 29 озмоишгоҳ, 2 кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ мебошад.
Президенти мамлакат дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯи ятим туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар Маҷмааи варзишӣ пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, ҷаҳиш ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати як гектар мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ин иншоот барои кулли намудҳои варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ карда, онҳоро ба фаро расидани Наврӯзи некпай таҳният гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат барномаи фарҳангии аҳли ҳунарро ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз тамошо карданд.