22.03.2019
: 1235
Варзишгари Тоҷикистон Далер Ризозода дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра гардид.
Далер - ягона намояндаи Тоҷикистон - дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ, вазни 72кг нахуст бар варзишгари Ҳиндустон Ашу Ашу (9:0), сипас бар намояндаи Муғулистон Телмен Пуревбаатар (9:0) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал бар варзишгари Қирғизистон Бек Конурбоев бо ҳисоби 6:4 дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваомоӣ барои медали тилло аз намояндаи Эрон Амин Ковиёнинажод шикаст хурд (0:9) ва ҷои дуюмро ишғол кард.
Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола 21 март дар шаҳри Уланбатори Муғулистон шуруъ гардид ва то 24 март идома меёбад. Дар чемпионат варзишагрони 11 давлати Осиё иштирок доранд.