24.03.2019
: 237
22-23 март дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор шуд, ки гуштингирони тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо-2018 Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг бар варзишгарони Нидерланд (Нияк Ланеӣеретс), Эстония (Вадим Фомин) дастболо шуда, сипас аз варзишгари мизбон Владимир Березовский, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Хушқадам баъдан барои ҷои сеюм намояндаи Муғулистон Унуболд Лҳагваҷамтсро шикаст дод.
Варзишгари дигари мо Бахтовар Абдуллоев дар вазни -100кг, равияи самбои размӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ду намояндаи дигари тоҷик Файзиддин Абдуллоев дар самбо, вазни -90кг ва Сорбон Латипов дар самбои размӣ, вазни -62кг аз медалҳо бенасиб монданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар мусобиқа 250 варзишгар аз 33 давлат ширкат карданд.