Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пешвои миллат барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузоштанд

Пешвои миллат барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузоштанд Пешвои миллат барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузоштанд Пешвои миллат барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузоштанд

20.03.2019

: 1104

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бе тағйир нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ, ҳамчунин дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот ҳамчунин бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин хоҳад шуд. Барои обу тоби бадан дар ин иншоот толорҳои алоҳидаи машқу тамрин дар назар дошта шудаанд, ки ҳар кадоми он бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва мағоза таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон низ сохта мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони зеристгоҳи барқӣ, майдон барои партов, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва майдонҳо барои бозии баскетболу волейбол.  
Зимни шиносоӣ бо тарҳи варзишгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину сохтмончиён барои иҷрои саривақтии корҳо, назорати қатъии сифат ва истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Пешвои миллат дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак, ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО “Норак” оғози расмӣ бахшида, барои бунёди меҳмонхонаи замонавӣ, санги асос гузоштанд ва дар ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли кошинҳои резинӣ дар ҶДММ “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ", корхонаи “Гидромехсаноат”-и ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” иштирок карданд.