19.03.2019
: 1089
19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти таълимӣ барои 1260 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Шароити таълим дар муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам гардидааст. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз худ намоянд. Ҳамчунин, онҳо имкон доранд, барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнӣ дар синфхонаи махсус ба бозии шоҳмот машғул шаванд. Барои тарбияи ҷисмонии хонандагон дар бинои муассиса толори барҳавои варзишӣ ва солимгардонӣ сохта шудааст, ки 450 метри мурабаъро дар бар мегирад. Иншоот, инчунин дорои синфхона барои инкишофи кӯдакон, утоқ барои ҳамшираи шафқат, ошхона, китобхона ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим таваҷҷуҳи насли наврасро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуд. Истифодаи самараноки шароити мавҷуда метавонад ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намояд. Дар баробари ғамхориву фароҳам овардани шароит аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бояд волидайн низ барои саводнок шудани фарзандони худ бетаваҷҷуҳ набошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, омӯзгоронро бо истифода аз шароити мавҷуда барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим муваззаф намуданд. Пешвои миллат зимни суҳбат дар бораи фазилатҳои Наврӯз таваҷҷуҳи ҳамагонро ба анҷоми корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар тозагии маҳалли зист ҷалб намуданд.
Идомаи бунёди ҳамин гуна муассисаҳои замонавии таълимӣ дар асоси сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ғамхориву таваҷҷуҳ ҷиҳати таъмини ояндаи дурахшони насли наврас сурат мегирад.