20.03.2019
: 1772
Паҳлавони шинохтаи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода, ки 16 март дар Гранд Слами Екатеринбург сазовори медали биринҷӣ шуд, 20 март ба Ватан баргашт.
Тавре иттилоъ дода будем, дар мусобиқаи Гранд Слами Екатеринбург оид ба дзюдо Беҳрӯз дар вазни -73кг бар варзишгарони Олмон (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард.
Медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Гранд Слам ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо мебошад.
Беҳрӯзро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ноҳияи Варзоб варзишгарону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд.
Бо натиҷагирӣ аз мусобиқаи Гранд Слами Екатеринбург Федератсияи байналмилалии дзюдо раддабандии олимпиро нав кард, ки Беҳрӯз Хоҷазода бо ба даст овардани 250 хол 18 зина боло рафт ва бо ҷамъии умумии 656 хол аз мавқеи 35-ум ба ҷои 22-юм баромад.
Мавқеи дзюдочиёни тоҷик дар раддабандии олимпӣ пас аз Гранд Слами Екатеринбург: