Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Универсиадаи зимистона дар Красноярск ба анҷом расид

Универсиадаи зимистона дар Красноярск ба анҷом расид Универсиадаи зимистона дар Красноярск ба анҷом расид

13.03.2019

: 1101

12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия XXIX Универсиадаи ҷаҳонии зимистона бо баргузории маросими бошукуҳи пушидашавӣ ба анҷом расид.

Бозиҳои донишҷӯён 11 рӯз – аз 2 то 12 март – идома ёфта, варзишгарон аз 58 кишвари дунё барои 76 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Ҷумҳурии моро 4 варзишгар – Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Зокиров Баракатулло, Соҳибов Соҳибназар – дар намуди лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд. Садолат миёни бонувон дар қувваозмоии слаломи бузург бо натиҷаи 3:11.64 миёни 79 иштирокчӣ ҷои 62-юмро ишғол кард. Дар ин ришта миёни мардон, ки 102 варзишгар ширкат намуданд, Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 2:27.96 ҷои 54, Баракатулло Зокиров (2:29.50) ҷои 55 ва Соҳибназар Соҳибов (2:33.49) ҷои 56-умро ишғол карданд. Дар риштаи слалом Соҳибназар Соҳибов бо натиҷаи 2:12.93 миёни 93 иштирокчӣ ҷои 38-умро ишғол кард. 
Дар маросими пушидашавии Универсиада Сарвазири Федератсияи Россия Дмитрий Медведов, президенти Федератсияи байналмилалии варзишҳои донишгоҳӣ (FISU) Олег Матисин иштирок карда, ғолибону ҷоизадоронро табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни маросим президенти FISU Олег Матисин ва раиси шаҳри Красноярск Сергей Еремин парчами FISU-ро ба раиси шаҳри Люсернаи Швейтсария Беату Сюслӣ, ки мизбони Универсиадаи зимистонаи оянда мебошад, супориданд.
XXIX Универсиадаи ҷаҳонии зимистона бори аввал дар Россия доир гашт. Аз рӯи ҳисоби медалҳо варзишгар-донишҷӯёни мизбон ҷои аввалро сазовор гаштанд – 112 медал, аз ҷумла 41 тилло, 39 нуқра, 32 биринҷӣ. Кореяи Ҷанубӣ бо 14 медал (6 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ) ҷои дуюм, Ҷопон бо 13 медал (5 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Умуман, варзишгарони 20 давлат соҳиби медал гардиданд.