13.03.2019
: 1162
13 март дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва “Аҳал” (Туркманистон) баргузор шуд.
Бозӣ бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт. Бозии якуми дастаҳо дар Ашқобод низ мусовӣ (1:1) шуда буд.
Ҳамин тариқ, дастаи “Хуҷанд” аз ҳисоби голи задааш дар меҳмонӣ тавассути ҳамлагар Ҷаҳонигр Эргашев ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ ёфт, ки дар гурӯҳи “D”-и минтақаи марказӣ бо клубҳои футболи “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Дордой” (Қирғизистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) бозӣ мекунад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 3-юми апрел шуруъ мешавад. “Хуҷанд” аввалин бозиашро дар меҳмонӣ муқобили тими дигари Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе анҷом медиҳад.