13.03.2019
: 1053
Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Ҷопон сари масъалаи иваз кардани ранги гилеми дзюдо дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар Токио ба мувофиқа расиданд.
Интизор меравад, гилеми нав дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 низ истифода шавад, вале қаблан барои озмоиш дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 25 август то 1 сентябри соли равон доир мегардад, истифода хоҳад шуд.
Президенти Федератсияи дзюдои Ҷопон Йасуҳиро Йамашита гуфтааст: “Бо эълон кардани ранги нави татамӣ мо имконият дорем муаррифии фазои чемпионати ҷаҳон-2019 дар Токиоро оғоз намоем. То Бозиҳои олимпӣ дар Токио 500 рӯз мондааст ва мо омодагиро идома медиҳем, то тавонем Бозиҳои олимпиро таърихӣ гардонем”.
“Taishan Sports Equipment Co.Ltd” татамиҳои навро истеҳсол мекунад. Ранги кабуд дар маркази татами (305С) ва ранги сурх дар атроф (032С) барои кайфияти тамошобинон чи дар толор ва чи тавассути телевизор коркард шудааст.
Феълан татамии нав ба ғайр аз мусобиқаҳои мазкур дар дигар мусобиқаҳо истифода мешавад ё не, аниқ нашудааст.