13.03.2019
: 1131
15-17 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар сеюм мусобиқаи Гранд Слам, ки соли 2019 баргузор мешавад, иштироки 403 варзишгар (233 мард, 170 зан) аз 48 давлати дунё дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 8 варзишгар – 7 нафар миёни мардон, 1 нафар миёни бонувон – намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар вазни -60кг Далер Қурбоноҷонов ва Комрон Мамадназаров, дар вазни -66кг Давлаталӣ Назаралиев, дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, дар вазни -100кг Саидҷалол Саидов, дар вазни +100кг Шакармамад Мирмамадов, инчунин дар вазни -57кг миёни бонувон Шоҳида Қаландарова барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Дар ду мусобиқаи Гранд Слам, ки дар Париж ва Дусселдорф доир гардид, варзишгарони мо ширкат намуданд, вале аз медалҳо маҳрум монданд. Натиҷаи беҳтарро дар Гранд Слами Дусселдорф Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Дар Гранд Слами Екатеринбург низ чун анъана ба ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Барои ҷои якум 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ пешбинӣ шудааст. Варзишгарон, ҳамчунин сазовори холҳои олимпӣ мегарданд.
Барномаи мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо дар Екатеринбурги Россия:
15.03.2019
Қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон; -60кг, -66кг миёни мардҳо
16.03.2019
Қувваозмоиҳои вазнҳои -63кг, -70кг миёни бонувон; -73кг, -81кг миёни мардҳо
17.03.2019
Қувваозмоиҳои вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон; -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо
Мавқеи дзюдочиёни тоҷик дар раддабандии олимпӣ дар ҳолати 12 марти соли 2019: