12.03.2019
: 1148
Ҷамъомади машқӣ-таълимии дуҳафтаинаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ба анҷом расид.
Тими олимпии мо дар доираи ин ҷамъомад бо дастаи олимпии АМА ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Дар бозии аввал 8 март тими олимпии Тоҷикистон бар АМА бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, вале дар бозии дуюм, ки 11 март сурат гирифт, АМА бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт.
Дар муқоиса ба бозии аввал ситоди мураббиён дар ҳайати асосии даста, ки ба майдон баромад, 6 тағйирот ворид кард. Ҳар се гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Дар ҳайати Тоҷикистон голро Тоҳир Маладӯстов ба номаш сабт кард.
13 март дастаи олимпии Тоҷикистон ба Ватан бармегардад ва баъд аз ду рӯзи истироҳат 16 март дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ меояд. Дар шимоли кишвар охирин марҳилаи омодагии дастаи олимпии мо баргузор мешавад ва аз он ҷо барои иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, дар гурӯҳи “F” 20 март озими Тошканд мегардад.
Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F” 22-26 март дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир мешавад ва мунтахаби мо бо дастаҳои Ҳиндустон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.