28.02.2019
: 3581
Ҳарифи барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон – дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) маълум шуд.
Хуҷандиҳо барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Туркманистон – дастаи “Аҳал” бозӣ мекунанд.
Дар даври муқаддамотӣ “Аҳал” дар ду дидор бар тими “Алай”-и Қирғизистон (2:1, 1:0) ғалаба кард.
Бозиҳои плей-оффи Ҷоми КФО-2019 миёни дастаҳои “Аҳал” ва “Хуҷанд” 6 ва 13 март доир мегардад. Бозии аввал дар Ашқобод, бозии ҷавобӣ дар Хуҷанд сурат мегирад. Ғолиби ин ҷуфт ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказиро пайдо ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи Марказӣ
Марҳалаи муқаддамотӣ. Бозии ҷавобӣ
«Аҳал» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон) – 1:0
Бозии аввал – 2:1.
Плей-офф. Бозии аввал
6 март (чоршанбе)
Оғоз – 18:00
«Аҳал» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Ашқобод, Варзишгоҳи «Ашқобод»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
13 март (чоршанбе)
Оғоз – 14:00
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) — «Аҳал» (Туркманистон)
Хуҷанд, Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»