25.02.2019
: 1348
Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Düsseldorf Grand Slam 2019” дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард.
Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гашт. Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо 5 нафар - Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) қувваозмоӣ намуданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Олмон (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп), Лаҳистон (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон (Шоҳей Оно), ки ғолиби ин вазн шуд ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Гурҷистон Лаша Шавдатуашвилӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро ишғол кард.
Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни -73кг пас аз як пирӯзӣ бар намояндаи Украина Артём Хомула дар даври дуюм аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳенчиол Канг шикаст хурд. Акмал, Комроншоҳ ва Саидҷалол дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гардиданд.
Баъд аз натиҷагирии мусобиқа Сомон Маҳмадбеков 180 холи олимпӣ ба даст оварда, дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо аз ҷои 39-ум ба ҷои 28-ум баромад. Сомон дар умум соҳиби 466 хол мебошад. Комроншоҳ ду зина паст, ба ҷои 23 фаромад. Беҳрӯз бо 406 хол дар ҷои 33, Акмал бо 174 хол дар ҷои 60, Саидҷалол бо 156 хол дар ҷои 65-ум қарор доранд.
Иштироки паҳлавонони мо дар мусобиқаи навбатӣ – Гран прии Марокаш, ки 8-10 март доир мегардад, дар назар аст.
МАВҚЕИ ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР РАДДАБАНДИИ ОЛИМПӢ БАЪД АЗ ГРАНД СЛАМИ ДЮССЕЛДОРФ-2019