Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд

28.02.2019

: 1082

2-12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) 29-ум Универсиадаи зимистона доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯёни 17-25-сола аз тамоми ҷаҳон имкони иштирок доранд. Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мекунанд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек.

Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – 4 варзишгар (Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров) бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров имшаб ба маҳали чорабинӣ сафар мекунанд.
Варзишгарони мо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, қувваозмоиҳои слаломи бузург (7-8 март) ва слалом (10-11 март) баромад мекунанд.