Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хонандагони мактаби хониши сиёсии “Созандагони Ватан” сертификат гирифтанд

Хонандагони мактаби хониши сиёсии “Созандагони Ватан” сертификат гирифтанд Хонандагони мактаби хониши сиёсии “Созандагони Ватан” сертификат гирифтанд

10.12.2018

: 1161

10 декабр, дар рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – дар Кумитаи миллии олимпӣ маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2018 шунида шуда, аз фаъолияти мактаби хониши сиёсии “Созандагони Ватан”-и нади кумитаи иҷроияи ноҳия натиҷагирӣ карда шуд.
Фаъолияти шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ноҳия дар соли 2018 қаноатманд ҳисобида шуда, ба хонандагони фаъоли мактаби хониши сиёсии “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сертификат тақдим карда шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа дар осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастоварди варзишгарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар шинос шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисон ташкил ёфта, дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994, таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Раиси ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоидошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Ҳизб бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.