10.12.2018
: 1459
Варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков, ки 1 декабр дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Ҳонг Конги Чин ғолиб гардида буд, ба Ватан баргашт.
Сомонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти кумитаҳои миллии олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, пайвандону наздикон, мухлисону ҳаводорони варзиш пешвоз гирифтанд.
Сомон дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки дар Ҷоми Осиё дар Ҳонг Конги Чин дар вазни -73кг бар варзишгарони Чин, Филиппин, Муғулистон ва Ҷопон ғалаба карда, сазовори медали тилло шуд. Соли 2018, ҳамчунин медали нуқраи Ҷоми Аврупо дар Коимбраи Португал ва медали биринҷии Ҷоми Аврупо дар Ла Корунаи Испанияро сазовор гардидааст.
Сомон Маҳмадбеков аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, дар Иркутски Руссия зери роҳбарии мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин ва барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунад. Ӯ гуфт, соли 2019 дар силсилаи мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо – Гран при, Гран Слам ва чемпионати ҷаҳону Осиё барои ба даст овардани холҳои олимпӣ иштирок мекунад.