06.12.2018
: 1696
5 декабр таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ ширкат доштанд.
Дар ҷаласа номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 муҳокима ва баррасӣ шуд.
Комиссия бо қарори худ 74 нафар варзишгарро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, барои гирифтани ҷоиза пешниҳод намуд.
Миёни онҳо, аз ҷумла ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Хоҷазода Беҳрӯз, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов ҳастанд. Дар асоси Низомномаи ҷоизаи мазкур барандагони медали нуқраи Бозиҳои Осиё бо 100000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ бо 50000 сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Дастовардҳои дигари варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2018 ба таври зайл мебошад: медалҳои тиллои Хушқадам Хусравов ва биринҷии Акмалиддин Каримов, Хоҷазода Беҳрӯз, Сорбон Латифов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, медали биринҷии Моҳру Ҳалимова дар чемпионати Осиё оид ба таеквондо, 2 медали тиллои Шаҳриёр Даминов, 3 медали биринҷии қайиқронҳои тоҷик дар ҳайати даставӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, медали биринҷии Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-румӣ миёни ҷавонон, медали нуқраи Идимоҳ Холова ва биринҷии Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, медалҳои нуқраи Фирӯз Мирзораҷабов, Ҳабибҷон Зуҳуров ва биринҷии Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Асламҷон Азизов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини озод ва юнонӣ-румӣ миёни наврасон, медалҳои нуқраи Сулаймони Ҷамшед, биринҷии Фарорун Мирзошоев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, медалҳои нуқраи Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов, биринҷии Давлаталӣ Назаралиев дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, медали нуқраи Разавӣ Навбаҳоров дар чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, медали нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Осиё ва ғайра.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, ҳамон сол 21 нафар, соли 2016 чордаҳ нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар соҳиби ин ҷоиза гардиданд.