Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Волонтёрон Бозиҳои олимпиро хотирмон мегардонанд

Волонтёрон Бозиҳои олимпиро хотирмон мегардонанд Волонтёрон Бозиҳои олимпиро хотирмон мегардонанд Волонтёрон Бозиҳои олимпиро хотирмон мегардонанд

05.12.2018

: 1250

5 декабр – Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Бозиҳои олимпии муосирро бе иштироки волонтёрон дар ташкил ва гузаронидани он тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таҷрибаи ҷалби волонтёрон имрӯз васеъ қабул шудааст. Интихоби волонёрон қаблан сурат мегирад, онҳо ба рӯйхат гирифта шуда, ба онҳо вазифаҳояшон фаҳмонида мешавад. Ба волонтёрон шаҳодатнома ва либоси ягонаи махсус омода карда мешавад.
Волонтёрон имрӯз фактори асосии сарфи хароҷоти маблағ ҳангоми баргузории бозиҳои олимпӣ мебошанд. Барои худи волонёрон Бозиҳои олимпӣ имконияти хуби гирифтани таҷрибаи кор ба ҳисоб меравад, ки имкон медиҳад на танҳо саҳмгузори чунин як чорабинии калон бошанд, балки имкон фароҳам меорад, ки дар маркази рӯйдоди олимпӣ бошанд, ки аксар инро орзу мекунанд. Волонтёрии ҳаракати олимпӣ миллат ва мафҳуми сокини ин ё он давлат буданро намешиносад, як қадами муҳим дар глобализатсия ва муттаҳид кардани фарҳангҳои гуногун, аз байн бурдани мушкилоти забонӣ ва ҳамдилии сокинони сайёра мебошад. Волонтёри олимпӣ бояд маҳоратҳои хос дошта бошад, биноан, онҳо бояд омӯзиш бинанд, то шароити хизматрасониро дар сатҳи Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расонанд.
Асоси ҳаракати волонёрӣ дӯстӣ ва доштани иродаи озод аст. Дар олами варзиш ин боис мешавад, ки одамон клубҳои варзишии хусусӣ таъсис диҳанд ва чорабиниҳои озод ташкил намоянд, то волонёри Бозиҳои олимпӣ интихоб шаванд.
Синну соли волонёрон 18-35-ро ташкил медиҳад. Аксари онҳо донишҷӯ мебошанд.
Таҳаввулоти ҳаракати волонтёрӣ аз соли 1912 (Бозиҳои олимпии Стокҳолм) оғоз гардид, ки дар он ихтиёриён аз ассотсиатсияҳо ширкат намуданд. Ҷавонон корҳои ба чашм ноаён, аммо барои Бозиҳои олимпӣ муҳимро иҷро мекарданд, мисли мубодилаи почта, тозагӣ ва кӯмак дар таъмини тартибот ҳангоми бозиҳо.
Сол то сол шумораи ихтиёриён меафзуд. Тибқи маълумоти омор шумораи волонтёрон дар Бозиҳои олимпии Хелсинки-1952 ба беш аз 2000 нафар расид, дар Мелбурн бошад (1956) онҳо 3500 нафарро ташкил доданд. Сол то сол фаъолиятҳои волонёрон низ фарох мегардид. Онҳо дар ҳамаи корҳои ташкилӣ саҳм мегузоштагӣ шуданд: ронандагӣ, фаъолияти наворбардорӣ ва пахши бозиҳо, иштирок дар маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии бозиҳо ва ғайра.
Модели муосири ҳаракати волонтёрӣ дар давраи солҳои 1980-1992 – аз Бозиҳои олимпии Лейк Плесид то Барселона шакл гирифт. Дар сенарияи баргузории олимпиадаҳо Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ иштироки волонтёронро ба таври ҳатмӣ ворид месохтанд. Дар Бозиҳои олимпии Лос Анҷелос-1984 волонёрон “Ёрдамчиёни расмӣ” шинохта шуданд. Худи мафҳуми “ҳаракати волонтёрӣ” бори аввал дар маърӯзаи президенти КБО Ҷуан Антонио Самаранч дар Бозиҳои олимпии соли 1992 зикр шуд.
Дар ҳазораи нав ягон олимпиада бе фаъолиятҳои назаррас ва муассири волонтёрон доир намегардад. Маҳз онҳо барои варзишгарон, мухлисон ва журналистон Бозиҳои олимпиро хотирмон мегардонанд.