Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5 медали теннисбозони Тоҷикистон дар Малайзия

04.12.2018

: 2453

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба теннис дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мусобиқа дар шаҳри Пенанг баргузор шуд.

Миёни наврасону ҷавонон медалҳоро Хушбахт Каримов (то 18-солаҳо), Исамҷон Шарифов (то 16-солаҳо), Аминҷон Абдуллоев (то 14-солаҳо), Ёсуман Салимова (то 10-солаҳо) ва Диана Иванихина (то 16-солаҳо) сазовор шуданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз 20 давлати Осиё, ҳамчунин кишварҳои Британияи Кабир, Руссия, Австралия ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи дигари сатҳи байналмилалӣ дар Малайзия Ёсуман Салимова миёни наврасони то 10-сола медали нуқра ва Диана Иванихина дар синну соли худ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.