03.12.2018
: 1311
Мусобиқа оид ба шиноварӣ аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. Қувваозмоиҳо миёни бонувон аз Бозиҳои олимпии соли 1912 дар Стокҳолм ба роҳ монда шуд.
Мардҳо
Қувваозмоиҳо
Бонувон
Вақти меъёрҳои олимпии дараҷаи “А”
Вақти меъёрҳои олимпии дараҷаи “В”
Вақти меъёрҳои олимпии дараҷаи “А”
Вақти меъёрҳои олимпии дараҷаи “В”
22.01
22.67
50м, тарзи озод
24.77
25.51
48.57
50.03
100м, тарзи озод
54.38
56.01
1:47.02
1:50.23
200м, тарзи озод
1:57.28
2:00.80
3:46.78
3:53.58
400м, тарзи озод
4:07.90
4:15.34
7:54.31
8:08.54
800м, тарзи озод
8:33.36
8:48.76
15:00.99
15:28.02
1500м, тарзи озод
16:32.04
17:01.80
53.85
55.47
100м, пуштнокӣ
1:00.25
1:02.06
1:57.50
2:01.03
200м, пуштнокӣ
2:10.39
2:14.30
59.93
1:01.73
100м, брасс
1:07.07
1:09.08
2:10.35
2:14.26
200м, брасс
2:25.52
2:29.89
51.96
53.52
100м, тарзи парвона
57.92
59.66
1:56.48
1:59.97
200м, тарзи парвона
2:08.43
2:12.28
1:59.67
2:03.26
200м, инфиродӣ-ором
2:12.56
2:16.54
4:15.84
4:21.46
400м, инфиродӣ-ором
4:38.53
4:46.89
Варзишгарони Тоҷикистон оид ба шиноварӣ аз соли 1996 дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Афина-2014 иштирок кардаанд: Атланта-1996 - 2 нафар (Сергей Орин, Наталия Шлемова, ҷаҳиш ба об), Сидней-2000 – 2 нафар (Фарҳод Орипов, Катерина Измайлова, 100м, тарзи озод), Пекин-2008 - 2 нафар (Алишер Чингизов, Катерина Измайлова, 50м, тарзи озод), Лондон-2012 - 1 нафар (Катерина Измайлова, 50м, тарзи озод), Рио-де-Жанейро-2016 – 2 нафар (Анастасия Тюрина, Олим Қурбонов, 50м, тарзи озод), аммо ба гирифтани медали олимпӣ мушарраф нагардидаанд.
Дар намуди шиноварӣ Климик Карина аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош дорад. Дар баробари ӯ аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Олимҷон Ишанов, Фахриддин Мадкамов, Тюрина Анастасия ва дигарон барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 кӯшиш мекунанд.
Соли 2020 (24 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ворид гардидааст.
Мусобиқаи шиноварӣ аз рӯи 35 қувваозмоӣ (мардҳо – 17, бонувон – 17, омехта - 1) доир мешавад: тарзи озод дар масофаҳои 50, 100, 200, 400, 800, 1500 метр, пуштнокӣ дар масофаҳои 100, 200 метр, брасс дар масофаҳои 100, 200 метр, тарзи парвона дар масофаҳои 100, 200 метр, инфиродии ором дар масофаҳои 200, 400 метр, эстафета тарзи озод 4х100, 4х200 метр, эстафета ором дар масофаи 4х100 метр миёни мардҳову бонувон, эстафета ором дар масофаи 4х100 метр омехта.
Дар намуди шиноварӣ ҳамагӣ 878 варзишгар иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 56 нафар дар қувваозмоиҳои инфиродӣ (дар ҳар қувваозмоӣ 2 нафар), ҳадди ниҳоӣ - 1 даста дар як қувваозмоии эстафета. Варзишгарон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ бояд меъёрҳои муқарраркардаи Федератсияи байналмилалии шиновариро (FINA) дар ду дараҷа – “А” ва “В” - дар марҳилаи интихобӣ – аз 1 марти 2019 то 29 июни 2020 - иҷро кунанд (меъёрҳо дар зер нишон дода шудааст). Мусобиқаҳои интихобӣ аз ҷониби FINA то 28 феврали соли 2019 эълон мегардад. Он, аз ҷумла чемпионати ҷаҳон-2019, чемпионати қораҳо, мусобиқаҳои интихобии қораҳо ва чемпионатҳои миллиро дар бар мегирад.
Варзишгароне, ки дар як ё якчанд мусобиқа меъёрҳои дараҷаи “А”-ро иҷро мекунанд, мустақим соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мешаванд, бо инобати ду варзишгар дар як қувваозмоӣ аз як кумитаи олимпӣ.
Агар дар асоси меъёрҳои дараҷаи “А” шумораи иштирокчиён то 878 нафар нарасид, пас FINA варзишгаронеро, ки меъёрҳои дараҷаи “В”-ро иҷро кардаанд, дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ аз 29 июни соли 2020 даъват мекунад. Дар асоси меъёрҳои дараҷаи “В” аз ҳар кумитаи олимпӣ барои як қувваозмоӣ як нафар интихоб мегардад.
Дар қувваозмоиҳои даставӣ ё эстафета дар ҳар қувваозмоӣ 16 даста иштирок менамояд. 12 дастаи беҳтарини ҳар қувваозмоии эстафета дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар Гванҷуи Корея имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд. 4 дастаи боқимонда дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ аз 31 майи соли 2020 интихоб мешаванд.
Мусобиқаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 35
Мардон – 17
Бонувон – 17
Омехта - 1
Шумораи иштирокчиён
Мардон/бонувон - 878
Тақсимоти ҷойҳо:
Барои қувваозмоиҳои инфиродӣ
Варзишгароне, ки меъёрҳои дараҷаҳои “А” ё “В” муқарраркардаи FINA-ро дар марҳилаи интихобӣ иҷро намоянд.
Барои қувваозмоиҳои эстафета
12 ҷой барои ҳар қувваозмоӣ дар натиҷаи чемпионати ҷаҳон-2019 дар Гванҷуи Корея
4 ҷой барои ҳар қувваозмоӣ дар асоси раддабандии ҷаҳонӣ аз 31 майи 2020
Марҳилаи интихобӣ: аз 1 марти 2019 то 29 июни 2020
Меъёрҳои интихобии дараҷаҳои “А” ва “В” миёни бонувон ва мардҳо