01.12.2018
: 1246
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати тими бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Узбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.
Дастаи бонувони Узбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.
Пас аз натиҷагирии чемпионати CAFA дар Тошканд, мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ, ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.