27.11.2018
: 1071
24-25 ноябр дар Маркази миллии таълимии шаҳри Токиои Ҷопон 3-юм Форуми минтақавии варзишгарони ҷавон доир гашт, ки дар он 79 намоянда аз 44 давлати Осиё, аз ҷумла аз Тоҷикистон иштирок карданд.
Масъалаи асосии форум баланд бардоштани нақши варзишгарон дар қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати олимпӣ буд. Аз ҷумла ба иштирокчиён ҷиҳати таъсиси комиссияи варзишгарон дар назди кумитаҳои олимпии кишварашон машварат дода шуда, барои он ки комиссия дар маъмурияти ҳаррӯзаи олимпӣ нақши муассир дошта бошад, роҳҳои гуногун нишон дода шуд.
“Мо кӯшиш кардем ба шумо маълумоти зиёд ва дониш диҳем, таҷрибаи худро бо Шумо ба миён бигзорем то ба мақсаде, ки пеши худ гузоштем, расем, - иброз дошт намояндаи Комиссияи варзишгарони Шӯрои олимпии Осиё Коҷи Мурофуши. – Акнун муҳим аст, ки аз рӯи тавсияҳои инҷо ироашуда фардо корро оғоз намоем. Мо дар нақша дорем форуми минбаъдаи варзишгарони Осиёро охири соли 2020 гузаронем ва бовар дорем, ки он вақт комиссияҳои варзишгарони фаъол ва муассирро дар ҳамаи 45 кумитаи олимпии Осиё мебинем”.
Дар ҳоли ҳозир дар назди 36 кумитаи олимпӣ аз 45 кумитаи олимпии узви Шӯрои олимпии Осиё комиссияи варзишгарон амал мекунад.
Форум аз ҷониби президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ субҳи рӯзи шанбе кушода шуда, субҳи рӯзи якшанбе президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба мулоқоти иштирокчиён омада, ба саволҳои онҳо ҷавоб гуфт.