27.11.2018
: 1113
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва губернатори шаҳри Токио Юрико Коике дар чорабинии ҷамъоварии таҷҳизот барои сохтани медалҳои Бозиҳои олимпии соли 2020 ширкат намуданд.
Барномаи ҷамъоварии дастгоҳҳои электоринии куҳна моҳи апрели соли 2017 эълон гардида буд. Маҳз аз металҳои қиммати таҷҳизоти куҳна медалҳои олимпӣ сохта мешавад.
Лоиҳа барои ҳифзи муҳити зист ва саҳми ҳар шаҳрванди кишвари тулӯи офтоб дар баргузории Бозиҳои олимпӣ татбиқ мегардад.
Дар чорабинӣ аз ҷамъоварии 3 тонна метали биринҷӣ хабар дода шуд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии металҳои тилло ва нуқра бошад, идома дорад. Дар ҳоли ҳозир 16,5 кило тилло ва 1800 кило нуқра ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисфи нақшаро дар бар мегирад.
Муаллифони лоиҳа умед доранд, ки боқимондаи металлҳоро то охири моҳи марти соли оянда ҷамъ меоранд.
Аҷиб аст, ки медали олимпии аз телефони Томас Бах сохташуда, ки ба хотири ҳифзи муҳити зист супорид, насиби кадом варзишгар мешавад?
Дизайни медалҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 соли оянда муаррифӣ мегардад.