Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Гуштин (озод ва юнонӣ-румӣ)

27.11.2018

: 248

Гуштин аз қадимтарин намуди варзиши олимпӣ мебошад. Мусобиқа оид ба гуштин аз аввалин Бозиҳои олимпӣ – соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Париж-1900.

Аввалин мусобиқа оид ба гуштин дар вазни озод, равияи юнонӣ-римӣ баргузор шуд. Дар Олимпиадаи соли 1904 дар Сент Луис мусобиқа аз рӯи вазнҳо танҳо дар равияи тарзи озод сурат гирифт. Қаблан дар ин намуди варзиш фақат мардҳо иштирок мекарданд. Гуштини занона аз соли 2004 (Бозиҳои олимпии Афина) вориди барномаи бозиҳо шуд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ мехост сар карда аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 гуштинро аз барномаи бозиҳои олимпӣ хориҷ намояд, вале дар иҷлосияи КБО сентябри соли 2013 қарор шуд, ки гуштин бо кам кардани дараҷаҳои вазнӣ миёни мардон ва зиёд кардани дараҷаҳои вазнӣ миёни бонувон (қаблан мусобиқа миёни мардон аз рӯи 14 вазн, миёни занон 4 вазн сурат мегирифт) чун намуди олимпӣ боқӣ монад.
Варзишгарони Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Атланта-1996 дар ҳайати 1 нафар, дар Бозиҳои олимпии Афина-2004 - 3 нафар, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 - 2 нафар, дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 - 4 нафар иштирок кардаанд. Дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 варзишгари маъруфи кишвар Юсуф Абдусаломов дар гуштини тарзи озод (вазни -84кг) сазовори медали нуқра шуд. Юсуф иштирокчии 3 олимпиада мебошад.
Дар намуди гуштин Искандари Рустам аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор буда, барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош дорад. Дар баробари ӯ аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини озод ва юнонӣ-румӣ Анақулов Фарҳод, Файзиев Абулқосим, Ҷамшед Шарифов, Гамид Ҷалилов, Сорбон Абдулҳаев, Баҳодур Қодиров, Ғуломҷон Шарифов, Комилҷони Сафаралӣ, Бахтовар Ҳасанов, Суҳроб Абдулҳаев, Мубинҷон Ахмедов, Азмиддин Ваҳҳобов, Суҳроҷ Азизов, Султошои Сайфулло ва дигарон барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 кӯшиш мекунанд.

Соли 2020 (24 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла гуштин ворид гардидааст.
Мусобиқаи гуштин аз рӯи 18 қувваозмоӣ доир мешавад: гуштини озод миёни мардон 6 категорияи вазнӣ – -57кг, -65кг, -74кг, -86кг, -97кг, -125кг, гуштини юнонӣ-румӣ миёни мардон 6 категорияи вазнӣ – -60кг, -67кг, -77кг, -87кг, -97кг, -130кг, гуштини бонувон 6 категорияи вазнӣ – -50кг, -53кг, -57кг, -62кг, 68кг, -78кг.
Дар намуди гуштин ҳамагӣ 288 варзишгар (192 нафар миёни мардон, 96 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 18 нафар (12 нафар миёни мардон, 6 нафар миёни бонувон – 1 нафар дар як қувваозмоӣ). Варзишгарон тариқи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ соҳиби роҳхат мешаванд. 108 роҳхат дар чемпионати ҷаҳон-2019 дода шуда, 144 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ, 36 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии ҷаҳонӣ ба Токио сафарбар мегарданд.
Дар чемпионати ҷаҳон-2019, ки моҳи сентябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, 6-гонаи аввали ҳамаи вазнҳо ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд. Дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои қитъавии соли 2019 ширкат карда бошанд. Соҳибони 144 роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ муайян мегарданд. Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин барои Амрико, Аврупо, Осиё 36-ҷоӣ ва барои қитъаҳои Африқо-Уқёнус 36 ҷой ҷудо кардааст. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон-2019 соҳиби роҳхат мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд. Кумитаҳои олимпӣ низ дар категорияи вазние, ки роҳхат гирифтаанд, варзишгари дигарро сафарбар карда наметавонанд. Ду ҷои аввали ҳар категорияи вазнии мусобиқаҳои интихобӣ соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд. Дар қитъаи Осиё, агар варзишгарони кишвари мизбон (Ҷопон) натавонанд 1 роҳхат миёни мардон ва 1 роҳхат миёни бонувон ба даст оваранд, пас шумораи ҷойҳо то 34 адад кам ва ба 2 варзишгари кишвари мизбон квота дода мешавад.
36 роҳхати боқимонда ба барандагони ҷойҳои якуму дуюми ҳар категорияи вазнии мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ дода мешавад. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон ё мусобиқаи интихобии қитъавӣ соҳиби роҳхат шудаанд, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи интихобии ҷаҳониро надоранд. Кумитаҳои олимпӣ низ ҳуқуқ надоранд, дар категорияи вазние, ки роҳхат доранд, варзишгари дигарро сафарбар намоянд.

Мусобиқаи гуштин дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 18
Мардон – 12
Бонувон – 6

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 192
Бонувон - 96
Ҳамагӣ – 288

Синну сол: 19+

Варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бояд литсензияи Федератсияи миллии варзиширо дошта бошад ва номаш дар базаи маълумоти Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин сабт гардида бошад.

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи чемпионати ҷаҳон-2019 – 108
Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ – 144
Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии ҷаҳонӣ - 36
Ҳамагӣ – 288

Мусобиқаҳои интихобӣ

14-22 сентябри соли 2019
Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин. Остона, Қазоқистон

27-29 марти соли 2020
Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар қитъаи Осиё. Чин

30.04 – 3.05. 2020
Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ. София, Булғористон