Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Токио Ассамблеяи генералии АКМО шурӯъ гардид

Дар Токио Ассамблеяи генералии АКМО шурӯъ гардид Дар Токио Ассамблеяи генералии АКМО шурӯъ гардид Дар Токио Ассамблеяи генералии АКМО шурӯъ гардид

28.11.2018

: 1991

Имрӯз дар шаҳри Токиои Ҷопон Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 намоянда аз 206 кумитаи олимпӣ иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои Абдуллозода М., муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Абдуллозода Аҳтам дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии АКМО бо намояндагони кумитаҳои олимпии дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ як қатор мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Федератсияи ҷудои Осиё Убайд Ал-Анзӣ масъалаи рушди варзиши ҷудо, дар суҳбат бо роҳбарони барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ Памела Випонд ва Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон масъалаи иҷроиши барномаҳо ҷиҳати дастгирии варзишгарони тоҷик ва дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон ва Узбекистон масъалаи ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Инчунин, ба хотири омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” дар Сахалини Федератсияи Руссия, бо намояндагони Кумитаи тадорукоти бозиҳо мулоқот баргузор гардид.
Натиҷагирӣ аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018, Бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018, омодагӣ ба аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ дар Сан-Диегои ШМА дар соли 2019, интихоби президенти АКМО дар давраи то соли 2022, муовинони президент, комиссия ахлоқ, гузориши Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг, муаррифи муддаиёни мизбони Бозиҳои зистонаи олимпии соли 2026, гузориш оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, Гузориши кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024, Лос-Анҷелес-2028, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон Лозанна-2020 аз масъалаҳои асосии ҷаласаи дурӯзаи Ассамблеяи генералии Асотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ мебошанд.