Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Таеквондо

21.11.2018

: 1284

Мусобиқа оид ба таеквондо (world taekwondo) бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сидней-2000 доир гашт ва баъдан ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид карда шуд. Аз ин пеш ин намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии солҳои 1988 ва 1992 намоиш дода шуда буд.

Мусобиқаи таеквондо аз рӯи ҳашт категорияи вазнӣ миёни мардон ва бонувон сурат мегирад: -58кг, -68кг, -80кг, +80кг (мардон), -49кг, -57кг, -67кг, +67кг (бонувон). Лорен Бернс (Австралия), Чон Ҷе Ин, Ли Сун Ҳи (ҳар ду аз Кореяи Ҷанубӣ), Чен Ҷун (Чин) миёни бонувон, Михаил Мурутсос (Юнон), Стивен Лопес (ИМА), Анҷел Матос (Куба), Ким Гён Ҳун (Кореяи Ҷанубӣ) миёни мардон аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ дар намуди таеквондо мебошанд.

Варзишгарони тоҷик танҳо соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон (Алишер Гулов, +80кг, Фарҳод Неъматов, -80кг) иштирок кардаанд.

Соли 2020 (26 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш, аз ҷумла таеквондо ворид гардидааст.
Мусобиқаи таеквондо аз рӯи 8 қувваозмоӣ доир мешавад: мардон дар 4 вазн, бонувон дар 4 вазн.
Дар намуди таеквондо ҳамагӣ 128 варзишгар (64 нафар миёни мардон, 64 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 8 нафар (1 нафар дар як категорияи вазнӣ). 48 нафар тариқи роҳхати мустақим, 72 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ, 4 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи квота ба Токио сафарбар мегарданд.
Роҳхатҳои мустақим (48 адад) дар асоси раддабандии олимпии Федератсияи ҷаҳонии таеквондо (ФҶТ) тақсим мешавад. Ба панҷгонаи аввали ҳар вазни олимпӣ (40 нафар) варзишгароне ворид мешаванд, ки то финали мусобиқаи Гран Прии декабрии соли 2019 роҳ меёбанд. Дар сурати баробарии холҳои варзишгарон дар раддабандӣ дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои қаблӣ ба инобат гирифта мешавад. Инчунин, ғолибони мусобиқаи “WT Grand Slam Champions” (8 нафар) дар моҳи январи соли 2020 соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
72 варзишгар (36 мард, 36 зан) ба бозиҳои олимпӣ тариқи мусобиқаҳои қитъавӣ соҳиби роҳхат мешаванд. Аз ҷумла аз қораҳои Африқо, Аврупо, Амрико, Осиё 16-нафарӣ (2 роҳхат дар ҳамаи вазнҳо) ва аз қораи Уқёнус 8 нафар барои иштирок дар олимпиада интихоб мешаванд.
Кумитаҳои олимпие, ки тариқи раддабандӣ ё силсилаи “WT Grand Slam Champions” аз 2 роҳхат кам доранд, метавонанд дар мусобиқаҳои интихобӣ ширкат намоянд. Кумитаҳои олимпие, ки тариқи раддабандии олимпӣ ё силсилаи “WT Grand Slam Champions” 2 ё бештар роҳхат миёни мардон ва бонувон ба даст овардаанд, наметавонад дар мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ иштирок кунад. Инчунин, варзишгарони кишвари мизбон – Ҷопон ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои интихобии қитъавиро надоранд. Ба кишвари мизбон 4 квота ҷудо карда мешавад, агар тариқи раддабандии олимпӣ ё “WT Grand Slam Champions” аз 4 роҳхат кам ба даст оварда бошад.
4 ҷойи дигар тариқи квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба муайян карда мешавад.

Мусобиқаи таеквондо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 8
Мардон – 4
Бонувон – 4

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 64
Бонувон - 64
Ҳамагӣ – 128

Синну сол – 17+

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 48
Роҳхат тариқи қораҳо - 72
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 4
Квота барои кишвари мизбон – 4
Ҳамагӣ – 128

Мусобиқаҳои интихобӣ

6-7 декабри соли 2019
Финали Гран При. Маскав, Федератсияи Руссия

Январи 2020
WT Grand Slam Champions

Соли 2020
Мусобиқаҳои интихобии олимпии қитъавӣ