Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоира ба чорякфинали ЧҶ-2018 роҳ ёфт

20.11.2018

: 1088

Шоира Зулқайнарова ба даври чорякфинали чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон роҳ ёфт.

Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнарова дар даври муқаддамотӣ дар вазни -64кг 17 ноябр бар варзишгари Пуэрто Рико Стефан Ақуино бо ҳисоби 5:0 ва 19 ноябр бар намояндаи Чех Мартина Сморанзова бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Ҳарифи Шоира дар даври чорякфинал, ки имрӯз 20 ноябр баргузор мешавад, Дан Дуи чинӣ мебошад.
Ду варзишгари дигари кишвар дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд: Миҷгона Самадова дар вазни -57кг аз варзишгари Кореяи Шимолӣ Ҷо Сун Ҳуа ва Гулмира Исроилова дар вазни -81кг аз намояндаи Белорус Викториа Кабикова.  
Умуман, варзишгарони 33 давлат аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар чорякфинал муборизаро идома медиҳанд.
Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 15 ноябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид, ки то 24 ноябр идома меёбад. Дар чемпионат ҳудуди 350 варзишгардухтари ин намуди варзиш аз 73 давлати ҷаҳон ширкат карданд.