22.11.2018
: 1211
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи толорӣ, иборат аз бозингарони то 20-сола, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҷамъомади тамринӣ-омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Дар доираи ҷамъомад тими ҷавонони мо бо дастаи Кайрат (U-18) ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Агар дар бозии аввал футболбозони мо бо ҳисоби 9:4 ғалаба карданд, вале дар бозии дуюм бо ҳисоби минималии 2:3 мағлуб гардиданд.
Ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ дар Алмаато як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби футболи толории Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 ба ҳисоб мерафт, ки 1-4 декабри соли равон дар Тошканд баргузор мешавад. Дар марҳилаи интихобӣ тими ҷавонони мо дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои футболи толории Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд.
Ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2019 аз минтақаи марказӣ 3 даста роҳхат мегирад – ғолибони гурӯҳҳо, инчунин дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо дар бозии плей-офф барои роҳхати сеюм талош мекунанд.