Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Усмон Тошев – сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)

15.11.2018

: 235

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошеви 53-сола сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол таъин шуд. Ӯ дастаро ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 омода мекунад.

Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 март дар Тошканд баргузор мешавад, тими олимпии мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд.
Усмон Қудратович Тошев 23 сентябри соли 1965 дар Бухоро таваллуд шудааст. Ба ҳайси бозингар дар клубҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Дар лигаи аввали Руссия футболбози «Атоммаш»-и Волгодонск будааст. Дар клуби маҷористонии «Солнок» ва юнонии «Кератсини» низ майдондорӣ намудааст.
Баъд аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ кор кардааст. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Бухороро бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм кард. Аз ноябри соли 2005 дорои литсензияи дараҷаи “Pro” мебошад.
Солҳои 2000-2008 сармураббии клубҳои “Бухоро” ва “Насаф” буд. Соли 2006 ба ҳайси ёрдамчии сармураббии тими мунтахаби Узбекистон кор кард. Аз январи 2009 то майи 2011 роҳбарии клубҳои “Шуртан” ва “Спартак” (Тошканд)-ро бар дӯш дошт.  
20 майи 2011 Усмон Тошев менеҷери генералии клуби “Насаф”, баъдан сармураббии ин даста таъин шуд. 2013 ба ҳайси сармураббии клуби “Спартак”-и Бухоро, 2014-2015 сармураббии клуби “Де Майван Аталан”-и Афғонистон, соли гузашта ба ҳайси сармураббии “Андиҷон” фаъолият намудааст. Моҳи июли имсол мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) бо роҳбарии Тошев ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.
Усмон Тошев, ҳамчунин инструктори FIFA ва AFC мебошад.