Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бори аввал: “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ мекунад

15.11.2018

: 1095

Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар мавсими нав бори аввал дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ мекунад. Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ қаҳрамони Тоҷикистонро зарур аст дар даври интихобӣ бар дастаи АГМК-и Узбекистон ва дар даври плей-офф бар клуби “Ал-Насср”-и Арабистони Саудӣ ғолиб ояд.

Конфедератсияи футболи Осиё 14 ноябр федератсияҳои миллиро бо механизми марҳилаи интихобӣ ва плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавси соли 2019 ошно кард. Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол” бояд дар марҳилаи аввал бо қаҳрамони Баҳрайн бозӣ мекард, аммо клуби баҳрайнӣ аз раванди литсензионии клбуҳои футбол нагузашт. Дар робита ба ин футболбозони Душанбе муборизаро аз марҳилаи дуюм оғоз менамоянд. Дар ин марҳила ҳарифи “Истиқлол” ғолиби Ҷоми Узбекистон – клуби футболи АГМК хоҳад буд. Вохӯрӣ 12 феврали соли 2019 дар Алмалик баргузор мешавад.
Дар сурати пирӯзӣ бар дастаи АГМК, душанбегиҳо дар даври плей-офф барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ 19 феврал дар меҳмонӣ муқобили дастаи “Ал-Насср”-и Арабистони Саудӣ вориди майдон мешаванд.
Агар “Истиқлол” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2019 роҳ ёбад, пас дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар мавсими имсолаи лигаи олии кишвар ҷои чорумро ишғол намуд, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 иштирок мекунад, зеро барандаи медалҳои биринҷии чемпионати мамлакат – дастаи “Куктош”-и Рӯдакӣ аз раванди литсензионии клубҳои футболи КФО нагузашт.

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2019
Марҳилаи дуюми интихобӣ
12 феврал (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Плей-офф
19 феврал (сешанбе)
«Ал-Насср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон)/«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)