Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Истиқболи қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар Душанбе

Истиқболи қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар Душанбе Истиқболи қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар Душанбе Истиқболи қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар Душанбе Истиқболи қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов дар Душанбе

14.11.2018

: 1502

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо соати 2:30-и шаби 14 ноябр ба Ватан баргашт.

Қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов, барандагони медали биринҷии чемпионати ҷаҳон ва ҳайати дастаро масъулони соҳа ва ҳаводорони варзиш бо самимият пешвоз гирифтанд.
Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Аҳтам қаҳрамон ва ҷоизадорони чемпионати ҷаҳонро шодбош гуфта, қайд кард, ки дастгириву таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон ва пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар аст, ки сол то сол дастоварди варзишгарони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар суҳбат ба хабарнигорон ба Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё кардани шароити хуби тамрин барои варзишгарон ва масъулини соҳа миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки барои муаррифӣ ва парафшон кардани Парчами Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарести Руминия чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби самбои кишвар соҳиби 4 медал гардид. Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг медали тилло, Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 80 давлати иштирокчӣ ҷои сеюмро ишғол кард.