Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими миллии Тоҷикистон дар моҳи декабр 4 бозии рафиқона анҷом медиҳад

15.11.2018

: 233

Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол моҳи декабр дар хориҷи кишвар ба ҷамъомади машқӣ-таълимии дуҳафтаина фаро гирифта мешавад.

Дастаи мунтахаби кишвари мо 4 бозии рафиқона анҷом медиҳад. 9 декабр дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими мунтахаби Яман ба майдон мебарояд. Баъдан мунтахаби кишвари мо ба Маскат сафар карда, дар он ҷо 13 ва 16 декабр бо тими мунтахаби Уммон ду бозӣ анҷом медиҳад. Сафари декабрии мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Манама, бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад.  
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозиҳои рафиқонаи дарпешистода сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбекистонӣ роҳбарӣ мекунад.

Бозиҳои рафиқона

9 декабр (якшанбе)
Яман – ТОҶИКИСТОН
Доҳа, Қатар

13 декабр (панҷшанбе)
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Маскат, Уммон

16 декабр (якшанбе)
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Маскат, Уммон

20 декабр (панҷшанбе)
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН
Манама, Баҳрайн