Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Каратечиёни тоҷик дар ЧҶ-2018 ширкат доранд

07.11.2018

: 1251

Дирӯз, 6 ноябр дар шаҳри Мадриди Испания чемпионати ҷаҳон оид ба карате шуруъ шуд, ки то 11 ноябр идома меёбад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷаҳонии карате дар чемпионати имсола ҳудуди 1400 варзишгар аз 138 давлати дунё иштирок доранд. Варзишгарон дар равияҳои кумите, ката ва пара-карате миёни ҳам қувва меозмоянд.
Ба иттилои Федератсияи карате-дои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 5 нафар – 3 варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 намояндаи расмӣ дар Мадрид қарор доранд. Ҳар се варзишгари мо дар равияи кумите муҳориба мекунанд.

Вазни -55кг миёни бонувон
Гулосори СУҲРОБ

Вазни -60кг миёни мардон
Ҳоҷиқурбон МАҲМАДОВ

Вазни -67кг миёни мардон
Қамариддин ҲАСАНОВ

Сармураббӣ
Муҳаммад БОДАКОВ

Муовини раиси федератсия
Ориф ОРИФОВ

Қабл аз оғози чемпионат конгресси навбатии Федератсияи ҷаҳонии карате баргузор шуд, ки аъзои он масъалаҳои рушди ин намуди варзиш дар ояндаро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, гузориш оид ба корҳои иҷромешуда дар арафаи чемпионати ҷаҳон-2020 дар Дубай муҳокима шуда, мизбони чемпионатҳои ҷаҳон муайян гардид. Қарор қабул шуд, ки чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон ва ҷавонон дар Сантягои Чили ва чемпионати ҷаҳон-2022 дар Будапешти Маҷористон баргузор мешавад. Президенти Федератсияи ҷаҳонии карате Антонио Эспинос зимни баромадаш қайд кард, ки мусобиқаи карате дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес бомуваффақият баргузор шуд ва акнун барои дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани карате дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 тамоми саъйи худро ба харҷ медиҳем. Қайд гардид, ки федератсия барои ворид кардани карате ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 дар Дакар ва Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош мекунад.