07.11.2018
: 1217
9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд – пойтахти Узбекистон – мусобиқаи Гран при оид ба дзюдо баргузор мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар мусобиқа иштироки 383 варзишгар (217 мард, 166 зан) аз 48 давлати дунё дар назар аст.
Варзишгарон дар 7 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 7 категорияи вазнӣ миёни бонувон миёни ҳам қувва меозмоянд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 15 нафар – 13 нафар миёни мардон, 2 нафар миёни бонувон дар Гарн при Тошканд иштирок мекунанд:
Мардон
Вазни -60кг
Иброҳим АБДУЛЛОЕВ
Меҳрзод СУФИЕВ
Вазни -66кг
Ёқубҷон БОҚИЕВ
Идибег ТОИРОВ
Вазни -73кг
Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ
Раҳматуллобек ФАРҲОДОВ
Вазни -81кг
Акмал МУРОДОВ
Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
Вазни -90кг
Эмомҷон КАМОЛОВ
Вазни -100кг
Саидҷалол САИДОВ
Шарифҷон НАЗРИЕВ
Вазни +100кг
Шакармамад МИРМАМАДОВ
Темур РАҲИМОВ
Бонувон
Вазни -52кг
Фазилат ГУЛБОЕВА
Вазни -57кг
Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
Сармураббӣ
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд:
Ҷои 1 – 3000 доллари ИМА
Ҷои 2 – 2000 доллари ИМА
Ҷои 3 – 1000 доллари ИМА
Ҳамчунин, паҳлавонон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.