05.11.2018
: 1281
3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори ду медал гардиданд.
Паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.
Паҳлавони дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқраро ба гардан овехт. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хурд.
Аз ҷумҳурии мо Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок кард, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд.
Дар мусобиқа 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.