Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи интихобии БО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард

Мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи интихобии БО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард Мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи интихобии БО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард Мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи интихобии БО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард

05.11.2018

: 1282

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол мусобиқаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро дар гурӯҳи “А” бо ғалаба оғоз кард. Шогирдони Сулаймон Бобокалонов дар бозии нахусташон бар дастаи мунтахаби бонувони Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд.

Дар ҳайати тими бонувони мо капитани даста Мадина Фозилова 2 гол, Гулсунбӣ Ҳалимова ва Лайло Ҳалимова якголӣ заданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин ба дарвозаи тими Сингапур 9 голи беҷавоб зад.
Бозиҳои даври дуюм 6 ноябр баргузор мешавад. Соати 13:00 футболбоздухтарони Муғулистон ва Сингапур вориди майдон мешаванд, соати 16:00 бошад, Тоҷикистон бо Тайпейи Чин қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии Токио-2020 миёни бонувон
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”. 1-ум давр

Муғулистон – ТОҶИКИСТОН – 1:4
Голҳо: Лайло Ҳалимова, 9 (0:1). Оргодол Тсасан-Охин, 32 (1:1). Гулсунбӣ Ҳалимова, 53 (1:2). Мадина Фозилова, 65 – аз пеналти (1:3). Мадина Фозилова, 69 (1:4).

Тоҷикистон: Саҳина Саидова, Насиба Олимова, Сайрам Холназарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некубахт Худододова.

Огоҳӣ: Намуун Баярсайҳан, Ундрах Улзибаяр, Алтантуя Алтансух, Сер-Од Удвал, Намуунаа Нармандах (Муғулистон), Насиба Олимова, Шукронаи Ҷумахон (Тоҷикистон).

Сардовар: Кэтрин Ясевич (Австралия).

Нозири доварон: Видия Ҳабиб Шамсури (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Абир Рантиси (Урдун).

4 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 мухлис.

Сингапур – Филиппин – 0:9
Голҳо: Шела Майе Кадаг, 3 (0:1). Шела Майе Кадаг, 5 (0:2). Алеса Назарено Долино, 27 (0:3). Ҳали Лонг, 32 (0:4). Шела Майе Кадаг, 43 (0:5). Ириш Наваҷа, 52 (0:6). Сара Изобел Арриета Кастанеда, 57 (0:7). Ҳали Лонг, 59 (0:8). Ириш Наваҷа, 67 (0:9).

Сардовар: Каҷияма Фусако (Ҷопон).

Нозири доварон: Видия Ҳабиб Шамсури (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Эмили Лау (Ҳонг Конг).

4 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 20 мухлис.

Бозиҳои оянда:
2-юм давр
6 ноябр (сешанбе)
13:00. Муғулистон – Сингапур
16:00. ТОҶИКИСТОН – Тайпейи Чин

3-юм давр
8 ноябр (панҷшанбе)
13:00. Тайпейи Чин – Муғулистон
16:00. Филиппин – ТОҶИКИСТОН

4-ум давр
11 ноябр (якшанбе)
13:00. Филиппин – Муғулистон
16:00. Сингапур – Тайпейи Чин

5-ум давр
13 ноябр (сешанбе)
13:00. Тайпейи Чин – Филиппин
16:00. ТОҶИКИСТОН – Сингапур