Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Куктош” – барандаи медалҳи биринҷии Чемпионати Тоҷикистон

“Куктош” – барандаи медалҳи биринҷии Чемпионати Тоҷикистон “Куктош” – барандаи медалҳи биринҷии Чемпионати Тоҷикистон

05.11.2018

: 1273

3 ноябр баъд аз танаффуси якуниммоҳа бозиҳои даври нуздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

“Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, як қадами дигар ба медалҳои тиллои чемпионат наздиктар шуд. Голҳоро Шериддин Бобоев дар дақиқаҳои 10 ва 12-уми дидор ба ҳадаф расонд. Барои тими Душанбе дар ду бозии боқимонда як хол басанда аст, ки бори ҳафтум чемпионаи Тоҷикистон гардад. Дар даври 20-ум “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи КМВА “Помир”-ро қабул мекунад.
Дар бозии дигари давр “Хатлон” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро Маҳмадалӣ Содиқов зад.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” – КМВА “Помир” бошад, мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.
Баъд аз натиҷагирии даври 19-ум барандаи медали биринҷии Чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2018 муайян гардид. Ин дастаи нави лигаи олӣ “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. “Куктош” дар 19 давр сазовори 30 хол гардид, ки барои ҳарифонаш дастнорас шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки агар чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2019 бозӣ кунад, пас “Куктош” дар Ҷоми КФО-2019 иштирок менамояд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали чемпионат:

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                                             Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  19   15   3  1  34-15   48 
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  19  13  4  2  37-15  43
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  19  9  3  7  29-27  30
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  19  6  4  9  23-25  22
 5  "Хатлон" (Бохтар)  19  6  3  10   20-24  21
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  19  4  8  7  20-30  20
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  19  3  6  10  14-26  15
 8  "Барқчӣ" (Ҳисор)  19  4  1  14  15-30  13