Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими мунтахаби ҷавонон (U-19) ба Индонезия сафар кард

10.10.2018

: 55

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев барои гузаронидани ҷамъомади машқию таълимӣ қабл аз Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард.

Қабл аз сафар роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат – ноиби президент Алишер Урунов ва котиби генералӣ Давлатманд Исломов бо футболбозон вохурда, ба онҳо муваффақият хостанд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия доир мегардад, мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи “D” бозӣ мекунад. Ҳарифони тими ҷавонони Тоҷикистон мунтахабҳои Чин (20 октябр), Малайзия (23 октябр) ва Арабистони Саудӣ (26 октябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳои тими мунтахаби ҷавонони мо дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабага”-и шаҳри Бекаси сурат мегирад.
Баъд аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳои мусобиқа дар даври чорякфинал идома медиҳанд. Дар сурати ба даври ¼-финал баромадан тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Урдун – вомехурад.
Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 дар Индонезия ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон (U-20)-ро ба даст меоранд, ки соли оянда дар Лаҳистон доир мегардад.

Ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳомидҷон Исҳоқов («Барқчӣ»), Меҳвар Сулаймонов (бозингари озод);
Ҳимоятгарон: Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»), Ҳусейн Нурматов, Султоншо Мирзоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим («Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Шервон Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Роҳбарият: Меҳроҷиддин Холов – менеҷер, Мубин Эргашев – сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров – мураббӣ, Раҳматулло Фузайлов – мураббӣ, Амоншо Содатсайров – мураббии дарвозабонҳо, Абдусаттор Қаландаров – табиб, Ҳикматилло Шокиров – масҳгар, Беҳрӯз Айниддинзода – коргузор, Фаридун Солиев – хабарнигор.

Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон (U-19)
Гурӯҳи «D»
1-ум давр
20 октябр (шанбе)
14:00. Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00. ТОҶИКИСТОН – Чин

2-юм давр
23 октябр (сешанбе)
14:00. Чин – Арабистони Саудӣ
17:00. Малайзия – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
26 октябр (ҷумъа)
17:00. Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
17:00. Чин – Малайзия

Оғози бозиҳо бо вақти Душанбе