Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сенегал – мизбони БОН-2022

09.10.2018

: 66

IV Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар кишвари африқоии Сенегал баргузор хоҳад шуд.

Чунин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос Айрес гирифта шуд. Ин аввалин бозиҳои олимпӣ хоҳад буд, ки дар қитъаи Африқо мегузарад. Бештари аҳолии Сенегал ҷавононанд ва Бозиҳои олимпии наврасон дар рушди варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар мусоидат хоҳад кард.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфт: “Африқо барои баргузории Бозиҳои олимпии наврасон-2022 сари Сенегал қарор гирифт. Бо аҳолии ҷавон ва таваҷҷуҳ ба варзиш навбат ба Африқо, навбат ба Сенегал расид”.
Мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон дар се шаҳр хоҳад гузашт: шаҳри таърихии Дакар, шаҳри муосири Диамянио ва шаҳри соҳилии Сали.
Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар доираи 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина, ки аз 6 то 18 октябр ҷараён мегирад, баргузор шуд.