Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таеквондочиён дар Хоруғ миёни ҳам қувва озмуданд

Таеквондочиён дар Хоруғ миёни ҳам қувва озмуданд Таеквондочиён дар Хоруғ миёни ҳам қувва озмуданд

10.10.2018

: 1182

4-5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо баргузор шуд.

Дар мусобиқа 82 варзишгар (54 мард, 28 зан) дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Бадахшон ва ШНТМ иштирок ва дар равияи кируги аз рӯи дараҷаҳои вазнии -54кг, -58кг, -63кг, -68кг, 74кг, -80кг, -87кг, +87кг миёни писарон ва -49кг, -57кг, -67кг, +67кг миёни духтарон, равияи пумсе (машқҳои маҷмӯӣ), равияи муҳорибаҳои дастаҷамъона аз рӯи дараҷаҳои вазнии 54кг, 58кг, 63кг, 68кг, 74кг миёни писарон, 49кг, 57кг, 67кг, +67кг миёни духтарон қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби ВМКБ гардид. Варзишгарони ШНТМ мақоми дуюм, дастаҳои Душанбе ва Хатлон зинаи сеюмро ишғол карданд.
Ба ғолибон медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақдим гардид.