Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Пирӯзии мизбонон дар даври 16-ум

Лигаи олӣ: Пирӯзии мизбонон дар даври 16-ум Лигаи олӣ: Пирӯзии мизбонон дар даври 16-ум Лигаи олӣ: Пирӯзии мизбонон дар даври 16-ум

15.09.2018

: 2289

Баъд аз танаффуси дуҳафтаина дар алоқамандӣ ба иштироки тими ҷавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, 13-14 сентябр бозиҳои даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Яке аз муддаиёни медалҳои тиллои чемпионат - дастаи “Истиқлол” дар майдони худ тими “Регар-ТадАЗ”-ро қабул кард ва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Тақдири бозиро ду зарбаи головари ҳамлавари тими мунтахаби ҷавонон Шериддин Бобоев ҳал кард.
Дастаи “Хуҷанд” бошад, дар майдони худ ба дарвозаи тими “Барқчӣ” 3 голи беҷавоб зад. Голҳоро Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшодҷон Каримов ба номи худ сабт карданд.
Дастаи “Хатлон” дар майдони худ бо тими “Куктош” бозӣ карда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 69 ба ҳадаф расонд.
Бозӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир” ва “Панҷшер” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози дастаи артиш Шодибек Ғаффоров дар дақаи 36, меҳмонон дар дақиқаи 73 тавассути Мунир Давлатбеков бо гол ҷавоб гардонданд.
Баъд аз натиҷагирии даври 16 дар ҷадвали чемпионат дуҳокимиятӣ нигоҳ дошта шуд. “Хуҷанд” ва “Истиқлол” бо 39-холӣ дар садри ҷадвал қарор доранд. “Куктош” новобаста ба он ки бозии охиринашро бохт, дар зинаи сеюм аст.
Дар даври навбатӣ, ки 18-20 сентябр ба нақша гирифта шудааст, “Куктош” бо «Истиқлол» (18 сентябр), «Панҷшер» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» (19 сентябр) ва «Барқчӣ» бо КМВА «Помир» (20 сентябр) вомехуранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали чемпионат:

ҶОЙ    

  ДАСТАҲО

  Б    

 Ғ    

 М   

  Б     

  Т/Т           

  Х     

1

  “Хуҷанд” (Хуҷанд)

16

12

3

1

36-14

39

2

  “Истиқлол” (Душанбе)

16

12

3

1

28-13

39

3

  “Куктош” (Рӯдакӣ)

16

7

3

6

22-23

24

4

  “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

16

5

4

7

21-22

19

5

  КМВА “Помир” (Душанбе)

16

4

7

5

19-26

19

6

  “Хатлон” (Бохтар)

16

5

3

8

17-20

18

7

  “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ)                       

16

2

6

8

12-22

12

8

  “Барқчӣ” (Ҳисор)

16

2

1

13

10-25

7