Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохти тими футболи духтарони Тоҷикистон аз Сингапур

Бохти тими футболи духтарони Тоҷикистон аз Сингапур Бохти тими футболи духтарони Тоҷикистон аз Сингапур

17.09.2018

: 1163

Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-16) аз тими Сингапур шикаст хурд.

15 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” оғоз гардид. Барои баромадан ба даври дигар дар гурӯҳ тимҳои Тоҷикистон, Тайланд, Эрон, Сингапур ва Марианаи Шимолӣ талош мекунанд.
Бозии аввали мусобиқаи интихобӣ миёни дастаҳои духтарони Тоҷикистон ва Сингапур доир гашт. Футболбоздухтарони ҷавони тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Тоҷиддин Наботов аз ҳамсолони сингапуриашон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуданд. Дар дақиқаи 12-ум бозингари тими Тоҷикистон Амина Собирова ҳисобро кушод, вале сигапуриҳо ба ин гол бо 4 гол ҷавоб доданд. Путри Нур Сялиза 3 гол, Данелле Тан Ли Ерн як гол ба номашон сабт карданд.
Дар бозии дигар мунтахаби духтарони Эрон ба дарвозаи Марианаи Шимолӣ 12 голи беҷавоб зад.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқа имрӯз – 17 сентябр баргузор мешаванд. Соати 16:00 дастаҳои Сингапур ва Тайланд вориди майдон мешаванд, соати 19:00 бошад, Тоҷикистон бо Маринаи Шимолӣ қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки аз 23 феврал то 3 марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ғолибони 6 гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Се дастаи беҳтарини қораи Осиё – ҶХД Корея, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон мустақим ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифтаанд.