Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футболбозони ҷавони кишвар барои ширкат дар ЧО-2018 ба Малайзия расиданд

Футболбозони ҷавони кишвар барои ширкат дар ЧО-2018 ба Малайзия расиданд Футболбозони ҷавони кишвар барои ширкат дар ЧО-2018 ба Малайзия расиданд

13.09.2018

: 29

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) барои ширкат дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Малайзия расиданд.

Қабл аз сафар ба Куала Лумпур ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо футболбозони ҷавон вохурда ба онҳо муваффақият таманно кард.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонони то 16-сола аз 20 сентябр то 7 октябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпур доир мегардад.
Футболбозони ҷавони мо то оғози чемпионат ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта мешаванд, ҳамчунин бо иқлими кишвари Малайзия мутобиқ мегарданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои ҷавонони Малпйзия, Ҷопон ва Тайланд барои ба даври дигар баромадан рақобат мекунанд. Аввалин дидори футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолонашон аз Малайзия сурат мегирад. Ин бозӣ 20 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Куала Лумпур соати 13:30 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 23 сентябр дар даври дуюм бо дастаи ҷавонони Ҷопон вомехуранд. Оғози бозӣ – 17:45 бо вақти Душанбе. Дар даври ҷамъбасти ҳарифи тими ҷавонони Тоҷикистон мунтахаби Тайланд аст. Ин дидор 26 сентябр соати 13:45 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Дар сурати ба марҳилаи чорякфинал баромадан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” (ҶХД Корея, Уммон, Яман, Урдун) бозӣ мекунад.
4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Чемпионати Осиё-2018:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ «Орзу-2026»);

Ҳимоятгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳама аз «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов