Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: “Хуҷанд” ба “Истиқлол” баробар шуд

Лигаи олӣ: “Хуҷанд” ба “Истиқлол” баробар шуд Лигаи олӣ: “Хуҷанд” ба “Истиқлол” баробар шуд

27.08.2018

: 159

Марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозӣ миёни тимҳои “Куктош” – КМВА “Помир” оғоз ёфт.

Дастаи футболи ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими артиш бо ҳисоби 4:2 ғалаба карда, мавқеашро дар ҷои сеюми ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуд. Бозингари тими мизбон Идан Окран дар дақиқаи 8 ҳисобро кушод, баъд аз 20 дақиқа Муҳсинҷон Абдуғаффоров ҳисобро баробар кард. Сироҷиддин Гулмуродов қабл аз анҷоми нимаи аввали дидор гол зада, дастаи “Куктош”-ро ба пеш баровард. Артишиҳо дар дақиқаи 56 тавассути Шодибек Ғаффоров боз ҳам тавонистанд баробариро нигоҳ доранд – 2:2. Вале тими мизбон дар майдони худ намехост аз хол бенасиб монад ва идораи тӯбро ба даст гирифта, дар дақиқаҳои 78 ва 84 тавассути Нодирбек Ибрагимов ва Муҳиддин Одилов ду гол зада, пирӯз шуд – 4:2.
Дастаи “Барқчӣ” низ, ки дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои охирин аст, дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дастаи шаҳри Ҳисор тавассути голҳои задаи Шарафҷон Солиҳов, Нуриддин Ҳамроқулов ва Зиёвиддин Фузайлов соҳиби 3 хол гардид.
Дастаи пешсафи чемпионат – “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар натавонист бар дастаи “Хатлон” ғалаба кунад. Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари тими мизбон Кароматулло Саидов (дақиқаи 58) дар анҷоми бозӣ Аҳтам Назаров аз пеналтӣ бо гол ҷавоб дод.
Дар бозии охирини давраи 15-ум дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар тими “Панҷшер бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои тими ғолибро Бахтиёр Чориев ва Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии даври понздаҳум дар ҷадвали чемпионат тағйирот ба амал омад. Акнун дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” бо 36-холӣ пешсафанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали чемпионат

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                                                                     Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
     1  «Хуҷанд» (Хуҷанд)      15       11      3      1     33/14     36
     2  «Истиқлол» (Душанбе)      15      11      3      1      26/13      36
     3  «Куктош» (Рӯдакӣ)      15      7      3      5      22/22      24
     4  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)      15      5      4      6      21/20      19
     5  КМВА «Помир» (Душанбе)      15      4      6      5      18/25      18
     6  «Хатлон» (Бохтар)      15      4      3      8      16/20      15
     7  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)      15      2      5      8      11/21      11
     8  «Барқчӣ» (Ҳисор)      15      2      1      12      10/22      7

Бозиҳои даври 16-ум:
13 сентябр (панҷшанбе)
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

14 сентябр (ҷумъа)
КМВА «Помир» – «Панҷшер»
«Хатлон» – «Куктош»